БАРГУЗОР ГАРДИДНАИ АМАЛИЁТИ МУШТТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 4 ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 29-уми октябри соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар асоси амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амалиёти "Соати сиёсӣ" дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и шаҳри Бохтар дар мавзуъҳои “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, "Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби сарбози ихтиёрӣ”, “Нақши 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид. Амалиёти мазкур ҳар охири моҳ бо иштироки омӯзгорони фаъол, байни донишҷуёни муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умуми гузаронида мешавад.  Мақсад аз баргузор намудани Аммалиёти мазкур, ин тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон ва бедор намудани зиракии сиёсӣ онҳо мебошад.