ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ АСТ!

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ДИҚҚАТ ОЗМУН!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 31-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сайқал додани афкори зеҳнии сокинон оид ба Муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол озмуни ноҳиявии андешаи беҳтарин зери унвони “Истиқлол-бузургтарин дастоварди миллат аст!”-ро эълон менамояд.

 Дар озмуни мазкур ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, ки дар ҳудуди ноҳия кору фаъолият доранд, метавонанд, ширкат кунанд. Андешаҳо дар ҳаҷми аз 2 то 4 саҳифа дар шакли электронӣ ва акси муаллиф аз 11 август то 1 сентябри соли 2022 қабул карда мешаванд. Андешаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ интишор шуда, ғолибон аз рӯи теъдоди тарафдорон (маъқулҳо) муайян карда мешаванд. Андеша бояд дорои хусусияти меҳанпарастӣ, арзишмандии Истиқололу озодӣ, сулҳу субот ва гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон бошад.

Озмуни мазкур санаи 3 сентябри соли 2022 дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо МУКОФОТҲО сарфароз мегарданд.