ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар тамоми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳои ноҳия  бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгорон, падару модарони хонандагон ва кӯдакон таъмиру азнавсозӣ ҷараён дорад. Ин навбат масъулини ҳизбӣ  аз рафти таъмир дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳия боздид ба амал оварда, маълум гардид, ки дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳо рангубор карда шуда, дохили утоқҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуданд.