АРВОҲИ ГУЗАШТАГОНИ ХУД ШОД СОЗЕД!

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи муштараки умумивилоятӣ оид ба тоза кардани қабристонҳо зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" дар оромгоҳи Ҷамоати деҳоти Навобод бо иштироки волонтёрон, имомхатибон ва дигар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.

Дар ин ҳашри дастаҷамъӣ дохилу атрофи қабристон аз алафҳои худрӯю нолозим тоза карда шуда, дар охир бо иштирокчиён масъулини ҳизбӣ суҳбат доир намуданд. Зимни суҳбат мақсади баргузории “Рӯзи ёдоварӣ” аз ҷониби масъулин фаҳмонида шуда, сокинон ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ даъват карда шуданд.