АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!”

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар муассисаҳои таълимии ноҳия таъмири мактабҳо ва дохили синфхонаҳо бо маром идома дошта, дар ин кор саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ назаррас мебошад.

Дар МТМУ №60-и ноҳия, дар ҳамкорӣ бо аъзою ҷонибдорони ҲХДТ, таъмири синфхонаҳо оғоз гардида, бо дастгирии Кумитаи падару модарон, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ва саҳми омӯзгорон дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида мешавад.