Танзим ба зиндагӣ баракат оварда, шахс метавонад бо воситаи танзим, сарфакорӣ шароити иқтисодии худро хуб намояд. Албатта ҳар шахси худогоҳ дар баробари ба даст овардани маблағи муайяне бояд сарфакориро пеша гирифта баҳри хуб намудани шароити зиндагӣ ҳаракат намоянд.
Вобаста ба тақозои давру замон, дар қонунгузории кишварамон тули 32 соли соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳое рўйи кор омаданд, ки ба ҳимояи иҷтимоии мардум равона гардида, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи харҷи зиёдатӣ мусоидат карданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ нахустқонуни миллиест, ки тайи 10 солаҳо аст, ки мавриди амал қарор доштанаш дар рушди соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакатамон нақши бориз бозид. Қонуни мазкур бо иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории халқ ба хотири манфиатҳои мардуми кишвар рӯи майдон омада, дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ - иқтисодии дохилӣ омили гиреҳкушо хоҳад буд. Албатта дар баробари рӯи кор омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бисёр мушклиҳо роҳи ҳалро ёфта шароити иқтисодии мардум ру ба беҳбуди оварда шуд. Маросимҳои гуногун, ки бетартибу танзим, бенақшаву сарфакорӣ гузаронида мешуд, ки билохир ба мушкилиҳои иқтисодӣ оварда мерасонид, пурра барҳам хурд. Тую маъракаҳо, ки бо маблағҳои калони бемаъно сарфа карда мешуд аз байн рафт, ҳақатан мардуми кишвар ҳис намуданд, ки қонуни қабулгардида бисёр саривақти буда аз зиёди мушкилиҳои иқтисодӣ раҳои ёфтанд. Ҳар як сокини кишвар ҳис намуд, ки риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба зиндагӣ танҳо баракат меорад. Дар ҳаёт татбиқ намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангӯӣ, муносибатҳои фарди мисли обу ҳаво зарур аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нахустқонуни миллӣ бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Пас иҷро ва риояи қонуни мазкур барои ҳар як узви ҷомеаи имрӯзаи мо шарт ва зарур аст. Аз хароҷотҳои беҳуда дар баргузории маросимҳо даст кашида бар ивази он имкониятҳои бударо баҳри таълим ва тарбияи насли ояндасоз равона намоем беҳтару хубтар аст. Занону бонувони моро зарур аст, ки маросимҳоро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ намуда ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳанд.
Холиқова Соҳибҷамол-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ