ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМУШ НАХОҲАД ШУД

Ҷ.Балхӣ:  

Зери ин унвон тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 6 майи соли 2024 дар МТМУ №8-и ноҳия хониши сиёсӣ бахшида ба 79-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид. Дар чорабини масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуданд. Зимни баромади худ масъулин оид ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштироки фаъолонаи фарзандони миллати тоҷик дар ҷанги мазкур, оид ба қаҳрамонони миллат, оид ба ҷонфидоиҳо дар роҳи пойдории сулҳу субот бо насли наврас суҳбат гузаронида шуд. Қайд карда шуд, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба барои дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас нақши муҳим дорад. Насли наврас аз ҷумла ҷавонони мо бояд донанд ва ба хуби дарк намоянд, ки дар гузашта миллати тоҷик қаҳрамонони зиёд дошт, ки дар роҳи пойдории сулҳ ва ҳимояи ватани худ фодокориҳо нишон додаанду намунаи ибрат мебошанд. Қаҳрамонон намемиранд номи онҳо дар таърих ва қалби мо то абаб зинда хоҳанд монд. Дар идомаи сӯҳбат масъулин инчунин оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ибрози андеша намуданд.