ДАРКИ ХУДШИНОСӢ ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

«Миллате, ки арзишҳои ахлоқию маънавӣ ва ватандӯстию худшиносии миллии хешро қадр карда наметавонад, чӣ гуна метавонад қиммату манзалати арзишҳои дигар миллатро эътироф намояд?»

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рӯзе, ки Истиқлоли давлатии хешро ба даст овардааст, ба тарбияи ахлоқию маънавӣ ва ватандӯстию худшиносии миллии насли наврас диққати махсус дода истодааст, ки ин иқдом бевосита сол то сол кишвари азизамонро ҷавону зеботар менамояд. Барои боз ҳам мустаҳкаму устувор гардидани сифати таълиму тарбия мо бояд, ки ҷаҳду талоши хирамандона намоем.

Тарбияи насли наврас дар ҷомеаи имрӯза вазифаи басо мураккабу гуногунҷанба буда, он аз давраи таввалуд сарчашма гирифта, зери таъсири омилҳои дохилию беруна то охири ҳаёт идома меёбад.

Мусалам аст, ки дар забони ҳар як тоҷику тоҷикзабонон мафҳумҳои ахлоқ, рафтору одоб, интизом, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ҳамчун арзишҳои маънавӣ садо медиҳад. Аниқтараш вақте ки сухан дар бораи одам ё шахс меравад сараввал арзишҳои маънавӣ, яъне сифатҳои ахлоқии ӯ дар назар дошта мешвад.

Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ яке аз шуури ҷамъиятӣ буда, ба ташаккулёбии азишҳои шуури маънавии ҳар як фарди солимақл таъсир мерасонад. Дар баробари шуури ҷамъиятӣ буданаш, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ яке аз меъёрҳои асоситарини тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меравад.

Масъалаи худшиносӣ ба тарбияи ахлоқии инсон алоқаи бевосита дорад, зеро инсоне, ки дар раванди тарбия моҳияти худшиносиро дарк карда наметавонад дар вай меъёрҳои арзишҳои ахлоқию маънавӣ пурра тараққӣ намеёбад. Дар мадди аввал ин мафҳум барои инсон шояд аҷиб намояд. Вале мафҳуми худшиносӣ танҳо номи худро донистану оилаи худро шинохтан ва ё фарзандонро ба воя расонидан нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи баромадҳояш ба тарбияи насли наврас диққат дода, насли наврасро ояндаи миллат ва системаи маорифро бошад, пояи давлату миллат шуморидааст, ки ин ҳама аз самараи истиқлол баҳри рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.

Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон тарбияи насли наврасу ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо хамчун омили асосии рушди ҷомеаи солим ба миён гузоштааст. Роҳу равишҳои самаранок амалӣ намудани ин супоришҳои Сарвари давлат дар Консепсия хеле равшан дарҷ гардидааст. Беҳуда намегӯянд, ки азимтарин сарвати ҳар як халқ ахлоқи маънавӣ ва ҳисси ватандӯстию худшиносии ӯ ба ҳисоб меравад.

Тарбияи арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар илми педагогика қисми таркибӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи системаи тарбияи насли наврас ба ҳисоб меравад, ки он ба ташаккулёбии олами маънавӣ насли наврас равона карда шудааст. Мақсад ва вазифаҳои тарбияи ахлоқии насли наврасу ҷавонон аз таррафи олимони замони шӯравӣ ба таври амалию назариявӣ асоснок карда шудааст, ки ҳамаи унсурҳои тарбия дар консепсияи миллии тарбия инъикос ёфтааст.

Барои ташкил намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ моро месазад, ки даст ба даст шуда, аз як гиребон сар барорему дар тарбияи ахлоқӣ ва худшиносии насли наврас камари ҳиммат бандем. Албатта, дар пешрафти тарбия на танҳо омӯзгорон, балки саҳми кулли шаҳрвандон метавонад Тоҷикистони ҷавонро боз ҳам ҷавонтар намояд.

Мирбонова Манижа -мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ