НАҚШИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Нақши падару модар дар таълим ва тарбияи фарзандон басо муҳим ба шумор меравад. Фарзанд неъмати бебаҳост, ки ҳаёти мо, инсонҳоро ширин асту лаззати зиндагӣ ва накҳату муҳаббати самимиро эҳсос менамоем.

Бояд қайд намуд, ки таълим ва тарбияи дуруст ва ба камол расондани фарзанд дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Танҳои оилаи солим, бомаърифат метавонад фарзанди хубро ба воя расонад. Мутаъсифона имрӯз баъзе аз волидайн нисбат ба таълим ва тарбияи фарзандон хунукназари зоҳир менамоянд. Насли наврасро бе назорат монда, намедонанд, ки вақтҳои холи фарзандон ба чи кор машғуланд. Баъзе ва падару модарон таълиму тарбияи фарзандро дар таъмини ғизо ва либос мебинанду халос, яъне кишам сер тан пӯшида... Барои як фарзандро дуруст тарбия намудан, бо таълим пурра фаро гирифтан, фарзандро ба роҳи дуруст ҳидоят намудан, бо касбу ҳунар ҷалб намудан заҳмати зиёдро талаб мекунад, ки фарзанд хуб ба камол расида оянда номбардори падару модар гарданд. Беназорати, беаҳамияти волидайн нисбат ба фарзандон оқибати хуш надошта, ҳамин сабаб аст, ки дар ҷомеаи мо баъзан амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардад. Беназорати волидайн нисбати наврасону ҷавонон, беаҳамиятӣ, хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд асоси сарчашмаи ҳамагуна амалҳои номатлуб аз ҷониби наврасону ҷавонон мебошад.

Бо мақсади пеши роҳи ҳамагуна амалҳои номатлубро гирифтан, инчунин ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст. Ин қонун барои беҳдоши ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар гардонид.

Вазифаи ҳар падару модар ин таълиму тарбияи фарзандон ба ҳисоб меравад. Оид ба уҳдадориҳои падару модар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр гардидааст. Аз ин лиҳоз ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон - Тоҷикистон, ҳидоят кунанд то тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Мусоев Хуршед