ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ ВАҲДАТОФАР ВА ТАҲКИМБАХШИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намудааст. Имрӯз аз таъсисёбии ҳизбӣ созанда ва бунёдкор 30 сол сипари мешавад. 30 соли созандагӣ, 30 соли пур аз заҳмату талошҳои мардуми кишвар баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои маҳбуби миллат, Сарвари оқилу хирадманду тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандона, имрӯз кишвари азизамон Тоҷикистон ба кишвари соҳибистиқлол, ваҳадатофар ва сулҳпарвар табдил ёфтааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикситон аъзо ва ҷонибдоронро зери мафкураи созанда, сиёсати хирадмандонаи Роҳбари оқил сарҷамъ намуда баҳри расидан ба ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ талош меварзад. Тавре, Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои олии Ҳизби Халқии Деиократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад”. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли чаҳоряк аср талош дорад. Тайи солҳои сипаришуда ҳизби мо садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, то ба имрӯз барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст.

Бо ифтихор иброз медорем, ки дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ фаъолияти пурсамари худро дар асоси Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда истодаанд. Ҳизбиёни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолияти худро зери шиори ҲХДТ “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ба роҳ монда дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеаи саҳми арзанда доранд. Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, амали намудани нуқтаҳои Паёми Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35 солагии истиқлолияти давлатӣ сохта ба истифода додани МТМУ дар ноҳия, синфхонаҳои иловагӣ, сангфарш ва мумфарш намудани роҳҳои маҳаллӣ, шинонидани дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, ҷароғон намои кучаю маҳаллаҳо, дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ, маъюбону ятимон, сохта ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, ободу зебо гардонидани ҳар як кучаю маҳал ва деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия амалӣ гашта истодааст. Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия бо шукргузори аз фазои орому соишта ва ифтихор аз ваҳдату ягонаии кишвари азизамон намуда зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада саҳми босазои худро дар корҳои созандагӣ ва ободонии диёри азизамон мегузоранд.

Мароми мо ҳизбиён: Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум аст!

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Маликова Тахмина