СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Ҳамчунин дар МТМУ №16-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва омӯузгорони соҳибтаҷриба миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзуҳои“Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ”,  “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон”, “Таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ” гузаронида шуд.