ШАНБЕГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ”

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани атрофи корхонаву муассисаҳо ва анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ба ин васила сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр имрӯз дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия шанбегӣ таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост!” баргузор карда шуд.

Кормандони соҳаҳо фаъолона ширкат варзида заминҳои атрофи назди корхонаҳои худро нарм намуда ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинониданд.