ШАНБЕГӢ, ТОЗАГИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо мақсади ободу зебо гардонидану ба "Кишвари Сабз" табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ" шанбегии дастаҷамъона ва шинонидани дарахтони ҳамешасабз бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки сокинони ноҳия тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи шанбе аз ҳисоби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда, дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии гирду атрофи маҳали худ, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу бутаҳо ва тоза намудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона саҳми босазои худро гузоранд.

Бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳали худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.