КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома ёфта истодааст. Дар ин росто дар муассисаи таҳсилоти томактабии № 6-и ноҳия сохтмони синфхонаҳо идома дорад. Ҳадаф аз сохтмони ҷорӣ муҳайё намудани шароити мусоид дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ва зебо барои таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Бо зебогардонии синфхона ва муассиса ҳисси зебоипарастии насли наврас низ зиёд карда мешавад, ки ин ҳам як навъ таъсиррасонӣ дар тарбияи онҳо мебошад.