ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ БАНДҲОИ ПАЁМ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №5-и НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия суҳбату вохӯриҳо байни сокинони маҳаллаву деҳот, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вобаста ба шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28.12.2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» соати 10:00 оғоз гардид ва мо тавонистем, ки онро тариқи ҳамаи телевизионҳои давлатӣ мустақиман тамошо кунем.

Ҳамин гуна вохӯрӣ имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, бо иштироки роҳбарият ва кормандон баргузор карда шуд.

Дар нишасти имрӯза, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Мусоев Хуршед иштирок карда, вобаста ба бандҳои алоҳидаи Паём дар самти таълиму тарбия, самаранок истифода бурдани замин ва саноатикунонии мамлакат маърӯза намуд.

Инчунин, қайд гардид, ки тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ихтиёран ҷалб намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ вазифаи ҳар яки мо буда, танҳо ба ин васила мо метавонем дар таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем. Дар фарҷоми вохурӣ ба аъзоёни фаъоли муассиса шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.