ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ - АСОСИ ҲИЗБ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, раванди ҳаракати аъзои ҳизб, риояи ҳатмии талаботи Оинномаи ҲХДТ, бақайдгирии узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, дуруст бароҳ мондани корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, тартиб ва ҳолати бақайдгирии узви ҳизб дар мавриди тағйири макони зист ва ҷойи кор ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия дар ноҳия бо ҷалби масъулин дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ёрии методӣ расонида мешавад. Вобаста ба ин, санаи 26 декабри соли 2023 бо иштироки масъулини Кумита, аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КУМО» дар ноҳия дидан намуда, ҷиҳати дуруст бароҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, пардохти саривақти ҳаққӣ узвият, назорати пурраи ҳаракати аъзои ҳизб маслиҳатҳои муфид дода шуд.