СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарббия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ №13-и ноҳия бо иштироки намяондаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, намояндаи шуъбаи маориф ва омӯзгорони соҳибтаҷриба миёни наврасони 12-17 сола соати сиёсӣ дар мавзӯҳои  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ, вазъи бавуҷудомада дар ҳамсоякишвар - Афғонистон ва таҳдидҳои он ба Тоҷикистон, ҳамчунин, мавҷудияти низоъ бо Қирғизистон,  фишангҳои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ гузаронида шуд.