БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Ҷ.Балхӣ: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия санаи 21 июни соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази бемориҳои пӯст ва сирояти ҷинсӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия дар ноҳия Розиқов Абдухолиқ иштирок намуд. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Муҳамадизода И оғоз намуд. Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2024 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. Сипас мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия дар ноҳия баромад намуда ҳозиринро бо ҷашни дар пешистода 26- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқи намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Инчунин қайд гардид, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, зикр доштанд, ки ҳамаи моро мебояд дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳовари  Сарвари давлат ҷамъ омада, саҳми худро дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон зери шиори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолона гузорем.