ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДКОРИВУ БУНЁДКОРӢ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Дар ин замина аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳми босазои худро гузошта истода, бахшида ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ иншоотҳои таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор доранд. Дар ин навбат дар муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад.