РУҲИ ГУЗАШТАГОНРО ШОД МЕГАРДОНЕМ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, дар оромгоҳи деҳаи Зархези ҷамоати деҳоти Ҳалевард аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, волонтёрони ҳизбӣ ва сокинони деҳаи Зархез фаъолона иштирок карда, дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои хушкидаю бегона тоза намуданд.

Дар охир кормандони Кумитаи иҷроия бо иштирокдорони амалиёт суҳбат доир намуда, қайд карданд, ки ин амалиёт сирф ташаббуси ҲХДТ буда,  мақсад аз баргузории амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ” пос доштани руҳи гузаштагони хеш мебошад, аз ин рӯ сокинон ва аъзои ҲХДТ-ро зарур аст, ки минбаъд низ дар чунин чорабиниҳои ташкилнамуда на танҳо  фаъолона ширкат намоянд, балки бо ташаббуси худи аъзои ҲХДТ амалиёти мазкур гузаронида мешавад.