АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ТОЗАГИИ МАҲАЛ” ДАР АМАЛ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бахшида ба истиқболи сазовори  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ҷалби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зархез” ва  иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Тозагии маҳал” баргузор гардид.  Дар доираи аксияи мазкур аъзои ташкилоти ибтидоӣ  кӯчаҳоро рӯбу чин карда, аз алафҳои бегона тоза намуданд, ки ободкориҳо ба ҳусни  маҳал зебогии хосро зам намуд.