ИСТИҚЛОЛИЯТ ПЕШРАВӢ, ОБОДӢ, ДӮСТӢ ВА БУНЁДИ РОҲҲОИ НАВ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз ҳадафҳои Стратегияи  миллии Ҳукумати мамлакат ин раҳои аз бумбасти комммуникатсионӣ мебошад.

Ташаббусҳои беназири  Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз хӯрд то бузурги мамлакат дар самти ободиву роҳсозӣ медонанд, чун ки ин аз фазилати баланди инсонӣ ва ғамхориҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат, ки нисбат ба ободонии ватани азизамон дарак медиҳад.

 Имрӯзҳо бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони бо нангу ори ватандӯст роҳҳо бунёду мумфарш гардида истодаст, ки оҳиста оҳиста мо ба ҳадафи дар пеш гузоштаи хеш мерасем.

Бо дастгириҳои соҳибкорони ватандӯст, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар якҷояги бо дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва  Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобили ноҳия роҳи аҳамияти маҳалли доштаи деҳаи Тупхона бо дарозии 5-км то шоҳроҳи марказӣ мумфарш гардонида шуд, ки дар кушодашавии он Раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Б.Ғ муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон намояндаи роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ Раҳимзода А. муовини раиси ноҳияи Балҷувон Раҳмонзода А.  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Зоирзода М. О ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ширкат доштанд.

 Раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Б.Ғ. зимни баромади хеш сокинон ва бошандагои деҳаи Тупхонаро  ба таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборак бод намуда, иброз дошт, ки ин ҳама пешравиҳо ва ободонӣ самараи неки Истиқлолият мебошад.

Кушодашавии ин роҳи аҳамияти маҳалли дошта, ки ба остонаи ҷашни бузурги миллӣ 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст хушбахтиест дар ҳаёти ҳар яки мо сокинону истиқоматкунандагони ин диёри нозанин.

Ҳамингуна бояд мо сарҷамъу дӯстона дар дигар корҳои неку созандагӣ иштирок намуда, баҳри тадбиқи сиёсати ободкорнаи Пешвои муаззами миллат саҳм гузорем.

Раҳимзода А. сараввал тамоми сокинону мардуми заҳматкаши ноҳияро ба таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ шодбош намуда, иброз дошт, ки ноҳияи Балҷувон дар замони хело кутоҳ бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии мамлакат ба як гӯшаи зебову дилрабои Тоҷикистони азиз табдил ёфтааст, ки ҳар яки моро зарураст пайи ободиву хуррамӣ ва гулгулшукуфоии ватани маҳбубамон камари ҳимат баста, ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу миллат содиқона хидмат намоем.