РОҲҲО - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз ҳадафҳои Стратегияи  миллии  мамлакат ин раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Ташаббусҳои бемайлони Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз хурд то бузурги мамлакат дар самти ободиву роҳсозӣ мо медонем, ки ин аз фазилати баланди инсонӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ободонии Ватани азизамон дарак медиҳад.

Имрӯзҳо бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони бо нангу ори ватандӯст роҳҳо бунёду мумфарш гардида истодаанд, ки оҳиста-оҳиста мо ба ҳадафи дарпешгузоштаи хеш мерасем.

Бо дастгириҳои соҳибкорони ватандӯст, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва  Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳия роҳи аҳамияти маҳаллӣ доштаи деҳаи Тӯпхона бо дарозии 5-км то шоҳроҳи марказӣ мумфарш гардонида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Зоирзода М.О.  аз рафти корҳои мумфаршкунӣ бо коргарон вохӯрӣ намуда, иброз дошт, ки дар рафти корҳои ободонӣ  аъзоён ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Тӯпхона” низ саҳми хешро мегузоранд.