ҲХДТ ҲИЗБИ ДАСТОВАРДОҲИ МИЛЛӢ ВА МУАРИФКУНАНДАИ АФКОРИ ПЕШҚАДАМИ ҶАМЪИЯТ МЕБОШАД.

Балҷувон:  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи наазр аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва  инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таасуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро  асоси фаъолияташ мешуморад.