ИНСОНДӮСТИВУ НАКУКОРИ ФАЗИЛАТИ БАЛАНДИ ИНСОНИСТ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амали неку хайрхоҳона ва пайрави асили мактаби инсондӯстонаву ғамғоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз зиёд гардиа, ҳар як аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон пайваста баҳри дастгирии оилаҳои камбизоату ниёзманд,  танҳову маъюб ғамхори зоҳир намуда, дар арафаи ҳар як иду айём хотири онҳоро шод месозанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дастгирии ҳар як аъзо фаъолон ва ҷонибдорони хешро қадр намуда, барои беҳтару хубтар гардидани вазъи зиндагии оилаҳои маъюб, танҳо, ниёзманд бо ҷонибдорони хеш ҳамоҳанг намуда, камеҳам бошад хотири ин қишри ҷомеаро осуда гардонида онҳоро зери ғамхориҳои доимӣ қарор медиҳанд.

Зеро ки ҲХДТ аз умқи мардум реша гирифта, баҳри зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.