САРСАБЗУ ХУРРАМГАРДОНИИ РОҲҲОИ МАРКАЗӢ  АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Оре, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери ҳидояту ғамхориҳои оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як ҳизби пешоҳангу ташаббускор мавқеъи хоса пайдо намуда, имрӯзҳо баҳри ободиву хуррамӣ ва шукуфоии ҳар як гӯшаи зебои Тоҷикистони маҳбуб, фарзандони содиқу вафодор ва меҳанпарасту меҳандӯсташ саҳми шоиста мегузоранд.

Баҳри тадбиқи ҳамаҷонибаи ташаббусҳои ҳизбӣ, зери унвонии “ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор” ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Балҷувон муаззаф гардидаанд, ки баҳри амалишавии аксияҳои ҳизбӣ ва ободу зебо гардидани гирду атрофи муассисаҳои корӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонанд.

Ҳашари ниҳолшинонӣ аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мулкон” дар роҳрави марказии ноҳия бо ҷалби  аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид, ки мақсад аз баргузории чунин ҳашарҳо ва аксияҳои ҳизбӣ, истиқбол аз 30-соли созандагиву бунёдкории ҲХДТ мебошад.