САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ҲАР ЯК ВАҶАБ ЗАМИН БАҲРИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мафрӯш замин, ки хор гардӣ,
Берӯзию бемадор гардӣ.

Зинҳор замину боғ мафрӯш,
Ин панди накӯ бигир дар гӯш!

Бо мақсади беҳтару хубтар гардидани шароити зиндагӣ ва таъмини буҷаи оила бо маводҳои аввалияи ғизоӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳиия Балҷувон пайваста миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, баҳри истифодаи самаранокии заминҳои назди ҳавлигӣ маслиҳатҳои судманд пешниҳод менамоянд.

Маҳз иҷрои  дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳар як оила бояд барои таъмини рӯзгори хеш захираи ду сола дошта, заминҳоро самаранок истифода намоянд. Истифодаи самаранокии замин ва гирифтани ҳосил соле ду ва се маротиб ин баҳри таъмини зиндагии шоиста мардум мебошад.

Гурӯҳҳои корӣ низ ҷиҳати истифодаи самаранокии ҳама намуди заминҳо  бо усули “Хона ба хона” корҳои назоратиро ба роҳ монда, дар тадбиқи амалишавии дастуру супоришҳо саҳми ҳамаҷониба мегузоранд.