ПАРТАВИ НЕКОН НАГИРАД ҲАР КИ БУНЁДАШ БАД АСТ...

Балҷувон: Вокуниш  

 Дар ҳақиқат Саъдӣ Шерозӣ дар "Гулистон"- худ дуруст ва ба ҷо фармудааст, ки:

 Партави некон нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст,

Тарбият номаҳоро чун гирдакон бар гунбад аст.

Масъалаи ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, таҳти таъсири авомили мухталиф имкони густариш ёфтани он дар байни ҷавонону наврасон беш аз пеш ба назар мерасад. Бо ин мақсад, дар ростои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандўстӣ дар ҷомеа бояд пайваста чораандешӣ карда шавад.

Бухлу ҳасаду уҷбу кинаву адоват нисбати давлату миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик чунон чашмони хоинону насли фасодро кӯр кардаву гушҳояшонро кар карда, пулҳояшонро тирра кардааст, ки намебинанду намешунаванду дарк намекунанд. Касе набошад Кабирӣ аст, Муҳаммадиқбол аст ё каси дигаре. Дар ҳақиқат тоифае ҳастанд феълу атвори каждумро доранд, инро фаҳмидан мумкин. Лекин ба ин дараҷа имону инсофу виҷдон ва Ватану миллату дину мазҳаби худро баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои нопоку ифлосу ҳароми худ мефурӯшанд, ҳоҷати гапу сухан нест.

Гоҳ аз дину мазҳаб ва гоҳе аз Ватану миллат, гоҳе аз номи миллату Ватан баромад карда, худро муаррифгару дустдору некбини миллату давлату ватану дину мазҳаб мешуморанд, куҷост он имону виҷдону инсофи Шумо "дӯстдорону ҳаводорони ин миллату ин Ватан" ?! Бемаданиятиву бефарҳангӣ ва беномусие, ки шумо беватанон дар давлати Олмон нишон додед ин хоси на миллати куҳанбунёди тоҷик асту на хоси дини мубини ислому на мазҳаби Имоми Аъзам. Шумо фатанфурушон ҳам миллату, ҳам давлату, ҳам дину мазҳабро поймол кардед. Дар маданияту хиради азалии тоҷик ҳурмату иззат нисбат ба бузургон буд, аз ин бармеояд, ки Шумо бемиллатон аз хуни Рудакиву Фирдавсию Сино, Хайёму Ҷомию Мавлоно, Донишу Айниву Турсунзода ва ғайраҳо ғайра бузургону абармардони миллати тоҷик нестед. Дар дини мубини ислом ва мазҳаби Абӯ Ҳанифа низ панду ҳикмат аз хирадмандию сафову сахо, сулҳу ваҳдату дӯстӣ ва дуст доштану ҳифз намудани марзу буму миллату давлату сарвари он гуфта шудааст, пас аз ин бармеояд, ки шумо на мусулмон ҳастеду на дар мазҳаби Эмоми Аъзам. Зеро:

Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад кофар аст,

Маънии ҳубулватан фармудаи Пайғамбар аст.

Гузашта аз ин, бояд мунтазам дар байни ҷавону наврасон вохўриҳо ташкил карда, ба ин васила бо пешниҳоди  андешаи маърифатӣ диққати асосӣ ба он равона карда шавад, ки ҷавонону наврасон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар орову андешаи худ ба ҷуз меҳри Ватан ва садоқат ба Ватан дигар чизеро ҷой надиҳанд ва ватандўст, худшиносу худогоҳ бошанду арҷ гузоранд ба муқаддасоти кишвар ва эҳтиром оваранд ба арзишҳои милливу давлатӣ ва бо амри дилу амри виҷдон бо дастгирӣ аз сиёсати дурандешона ва бунёдгароёнаи давлату Ҳукумати кишвар, ки таҳти роҳбарӣ ва заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд, саҳми арзандаи хешро бояд гузошт.

Нуров Х. С-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон