ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ.

Балҷувон: Созандагони ватан  

 

Имрӯз доир ба худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, боло бурдани афкори худогоҳии ҷавонон дар масири меҳандӯстиву меҳанпарастӣ зиёд сухан мекунанд. Ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки ба худшиносӣ ва худогоҳиву арҷгузори ба муқаддасоти миллӣ рў биёранд, таърихи гузаштаи миллати хешро  донанд, омӯзанд ва аз он ифтихор намоянд.

Зеро ки  худшиносӣ барои дарку шинохти ҷойгоҳи шахс, таърихи миллати худ, анъанаву урфу одатҳои миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллии онҳо ва шинохти рисолати хеш дар зиндагии оянда  кўмак менамояд. Воқеанҳам ин чиз дар ҳама низомҳои сиёсии ҷомеа талабот ба сатҳи муайяни худшиносии ҳар як фард  вуҷуд дорад. Аммо, дар системаи сиёсии демократӣ, ки шаҳрвандон ҳамчун манбаи ҳокимият баромад намуда, дорои ҳуқуқу озодиҳои зиёд мебошанд, ба худшиносӣ ва худогоҳии онҳо талабот бештар эҳсос мегардад. Худшиносӣ имкон медиҳад, ки шаҳрванд на танҳо таърихи гузаштаи миллату давлати хешро донад, ҳамчунин вазифаю ӯҳдадориҳои худро дар назди ҷомеа ва кишвар дарк намуда, барои дар сатҳи баланд иҷро намудани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳад. Дарки чунин вазифаҳо ва таълими онҳо маҳз бо роҳи омӯзишу таълим ба вуҷуд меояд, ки онро, ба ибораи дигар, иҷтимоисозии сиёсӣ меноманд. Дар ҳолати дуруст ва амиқ дарк намудани решаҳои васеъи мафҳуми худшиносии шахс мо ба дарки возеҳи  худшиносии миллӣ хоҳем расид.