30-СОЛИ БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ ЗЕРИ ПАРФИШОНИИ ЛИВОИ ҲХДТ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мароми олии ҳадафҳои накуи мо ин сарсабзиву хуррами буда, ба як кишвари доимбаҳор табдил додани Тоҷикистони азиз аст, ки аз хӯрд то бузурги миллати заҳматкаши тоҷик дар ин масир саҳми ҳамаҷониба мегузоранд.

Бо дастгириҳои шахсони наку соҳибкорони бо нангу ори Ватан, ва меҳандӯсту меҳанпараст, зери партави сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти Олии мамлакат  имрӯзҳо  ҳар як гӯшаи Тоҷикистони назаррабо биҳишти руйи оламро мемонад, ки чун чорбоғи Ирам ва анбарафшон дар ҳама фасли сол ба кас нерӯи дигар мебахшад.

Ин анъанаи миллати куҳанбунёди хешро имрӯзҳам мардуми саодатманди диёри Балҷувони бостонӣ идома дода, бо шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан симои гулгашту хиёбон ва кӯчаву роҳравҳоро дигаргун месозанд.

Ин аст мароми олӣ ва ҳадафҳои накуи ҲХДТ, ки ҳамчун ҳизби пешоҳанг ва ҷовидона дар замири кас ҳисси худшиносиву худогоҳиро талқин месозад.