БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ ЗЕРИ ШИОРИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳақиқат ҳамчун ҳизби пешсаф дар ҷомеа мавқеи густурда дорад, ки шохаҳои бунёдкориву созандагӣ ва хуррамию сарсабзияш ҳусни зебои Тоҷикистони гул ба домону накҳатафзоро биҳиштосои руйи олам намудааст.

Маҳз мактаби бунёдкорони Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели гуфтаҳои болост, ки имрӯзҳо ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсту меҳанпараст, дар пайрави аз сиёсати бунёдкорони Пешвои маҳбуби миллат баҳри ободии ҳар як гӯшаи диёр саҳми бориз мегузоранд.

Нафаре баҳри бунёди роҳҳову иншоотҳои муҳим, дигаре баҳри бунёди беморхонаву мактаб, сеюмин боғу токзорҳо ва дигаре бозору терминалҳои мусофиркашонию майдончаҳои варзишӣ сохтаву ҳамчун фарзанди содиқи миллату давлат ба ин меҳану сарзамин накукорӣ менамояд.