ТО ТАВОНИ ЯК ДИЛЕРО ШОД КУН!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайрави аз сиёсати инсонпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Н.М ба шахсони ниёзманди ҷомеа иқдомҳои неки хайриявӣ роҳандози гардида, дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ба онҳо кумак расонида шуд. Дар анҷоми ин амали неку хайр раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Зоирзода М.О ва муовини раиси ноҳияи Балҷувон Қодирзода А. Иштирок намуданд ва кумакҳои ашхоси ниёзмандро супориданд.

Аз ин гуна иқдоми нек ниёзмандон руҳбаланд гардида, минатдории хешро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.