30-СОЛИ ТАШАББУСКОРИЮ СОЗАНДАГӢ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзоён, фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар амалишавии ташаббусҳои ҳизбӣ саҳми муносиб гузошта, ҷараёни корҳои сарсабзу хуррамгардони дар ҳама ташкилотҳои ибтидоӣ бо маром идома дорад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва сарсабзу хуррамгардони  бо  маром идома дошта, ҳар як фарди худшиносу худогоҳ дар ободии диёр саҳми муносиб мегузоранд. Дар баробари аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳия кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ дар ободии ноҳия саҳми арзандаву шоиста гузошта, масъулияти хешро иҷро намуда истодаанд.

Мо рисолати аҷдодии хешро, ки то ба имрӯз дар масири бунёдкориву созандагӣ ва сарсабзу хуррамгадони мақому манзалати хос доранд, идома дода, кушиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар пешрафт ва ободии меҳани аҷдодӣ саҳмгузор бошем.