РУШДИ  СОҲАИ  МАОРИФ  ҲАМАЧУН  РУКНИ АСОСИИ МУҲИМИ  СИЁСАТИ  ДАВЛАТӢ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҷрибаи башарӣ исбот намудааст, ки агар дар ҷомеае, ки ба мақоми омӯзгор, мактаб ва маориф эҳтиром гузошта нашавад,ба пешрафту тарақиёт давлат зиён оварда дар ҷомеа бесаводӣ ва ҷаҳолату бадбахтӣ бавуҷуд меояд. Маҳз бо ин мақсад, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш таъкид намуданд,ки: «…агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад,ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама,тарақиёту рушди давлат паст мегардад». Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат оғози бунёди давлати мутамаддинро аз маориф вобаста дониста, ғамхорӣ ба ин соҳаро дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат бори дигар, самти афзалиятнок шумориданд.

Бо мақсади беҳтару хубтар гардидани таълиму тадрис ва дар шароити наву замонавӣ таҳсил намудани мактаббачагон, Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои саривақти андешида, бунёди мактабҳои наву замонавӣ дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз  бо маром идома дорад.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Охбулоқ”-и МТМУ №4 ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон синфхонаҳои нави иловагӣ сохта шуда истодааст, ки саҳми аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр дар ҷараёни корҳои сохтмони назаррас аст.