САҲМИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудан аз 30-соли созандагиву бунёдкорӣ ва хуррамию ободонии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳияи Балҷувон саҳми шоён гузошта, дар ҳашарҳои дастаҷамъона фаъолона иштирок намуда, баҳри сарсабзу хуррамии  диёр қарзи шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд.

Вазифаи муқаддаси мо, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин давраҳои ҳассоси таърихӣ аз он иборат аст, ки насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда,  сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем ва рушди босуръати иқтисодиётро таъмин созем.