ИСТИҚЛОЛИЯТ- МАКТАБИ БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ МЕБОШАД.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Истиқлолият- сармояи бузурги миллати тоҷик буда, мактаби бунёдкориву созандагӣ ва пешравию ободонӣ аз он маншаъ мегирад, ки онро мо бо бунёди ҳазорҳо иншоотҳои наву замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мушоҳида месозем.

Маҳз устувории Истиқлолияти комил аст, ки ҳар як гӯшаи зебои Тоҷикистони ба ҷон пайванд рӯз то рӯз зебову мунаввар гардида,  шаҳду шаккари ҷавҳари Истиқлолият коми ин миллати заҳматкашу меҳнатдӯсти халқи тоҷикро ширн сохта истодааст.

Метавон иброз намуд, ки Истиқлолият масири бунёдкориву созандагӣ ва пешравию ободии саршори Ватандори аст.