РИСОЛАТИ МО ДАР ХУРРАМИВУ БУНЁДКОРӢ ТАҶАССУМ ГАРДИДААСТ, КИ МИСОЛАШ БЕНАЗИР АСТ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулрез” дар ноҳияи Балҷувон баҳри ободиву хуррамӣ ва сарсабзии диёр пайваста талош варзида, зери сиёсати хирадмандона ва ободкоронаи Раиси мауззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати хешро дар бунёдкориву созандагӣ бо як дилу нияти гарм иҷро месозанд, ки боиси пешрафту ободонист.

Раҷабов Муҳаммад - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулрез”-и ноҳияи Балҷувон, дар якҷоягӣ бо дигар аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии  номбурда нақши бузурге дар ободонӣ ва тозагии гирду атроф, хиёбону кӯчаҳо, гулгашту ҷойҳои ҷамъияти доранд.