ИСТИҚЛОЛИЯТ БУНЁДГУЗОРИ МАКТАБИ ИНСОНДӮСТӢ ВА ҲАМДИЛИВУ ОСОИШТАГИИ РӮЗГОР.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Оре, Истиқлолият мароми зиндагиву осудагии ҳар як фарди худшиносу худогоҳ аст, ки сояи сулҳу суботи ваҳдатофар иттифоқиву иттиҳодиро мустаҳкам намуда, равобити меҳру муҳаббат ва инсондӯстиву инсонпарвариро густариш медиҳад.

Ин мактаби инсондӯстонаву инсонпарваронаро бунёдгузораш Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дарси одамгараиву инсондӯстӣ, эҳтирому кумак, муҳаббати ҷовидонаву ғамхорона, ҳамнафасу ҳамсадои пирону барҷомондагон, ятимону маъюбон ва дигар амалҳои неки саропо маънӣ хосаи ин боргоҳи сулҳҷӯёна мебошад.

Бо ин мақсад масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ аёдати шахсони ниёзманду танҳоро намуданд, ки ин амали неку савоб рисолати азалии мардуми инсондӯсту меҳрубони халқи тоҷик ба шумор меравад.