ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДА, БУНЁДКОР ВА ТАШАББУСКОР БАҲРИ ПЕШРАВИИ ҶОМЕА.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи демократии кишвар бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инчунин ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ба ҳидоят намудани мардум саҳми муносиб дорад. Мақсаду мароми ҳизб мақсаду мароми мардум буда, баҳри ҳимояи манфиатҳои мардум пайваста кӯшиш менамояд. Самтҳои стратегии сиёсати давлат, ки дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр ёфтаанд, барои таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ ислоҳоти амиқу пайгирона амалӣ мешаванд.

Бо ифтихор гуфта метавонам, ки дар раванди бунёдкориву созандагиҳои мамлакат саҳми аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон низ назаррас мебошанд. Имрӯзҳо аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб дар пешрафти тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолона иштирок намуда, таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум»-ро сармашқи кори худ кардаанд. Барои ба пуррагӣ расидан ба ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба талош варзидан зарур аст.