ҲХДТ-ҲИЗБИ ТАШАББУСКОР ВА ПЕШОҲАНГИ ҶОМЕА.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон  маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди  мардумӣ  ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии  шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузоштааст.

Маҳз заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо аҳли ҷомеа такия ба ҲХДТ пешоҳанги ҷомеа намуда, баҳри амалишавии ташаббусҳои ҳизбӣ саҳми назарас мегузоранд.

Бо як рӯҳияи болидаву идона ва чун амали неку савоб ва хайрхоҳона имрӯзҳо сафи соҳибкорони маҳаллӣ зиёд гардида, чун пайравони асили Пешвои муаззами  миллат баҳри ободии диёр саҳм мегузоранд.