ДАР КИШВАРИ ОЗОДАИ МО СУЛҲУ САФОСТ...

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маҳз партавфишонии Парчами созандаву бунёдкорӣ миллати тоҷик моро иттиҳоду иттифоқ намудааст, ки ҳар як фарди худшиносу меҳандӯсти меҳани аҷдодӣ, бо як дилу нияти гарм баҳри пешрафти ободву хуррамии диёр  саҳми бориз гузошта истодаанд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони азизу маҳбубамон ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор мегардад, ки аз хӯрд то бузурги ин миллати куҳанбунёд баҳри амалисозии ташаббусҳои созандаву бунёдкорона гомҳои беназир мегузоранд.

Зеро ки созандаву бунёдкорӣ рисолати азалии миллати қадимаи тоҷик буда, мо ин рисолати гузаштагони хешро бо сарбаландӣ давом медиҳем.