СОАТИ СИЁСӢ ДАР АМАЛ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ№11-и деҳаи Хироби  ҷамоати деҳоти   Балҷувон  бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни наврасон ва  хонандагон  “Соати сиёсӣ” гузаронида шуд.