БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ”  ВАСИЛАИ БАЛАНДБАРДОРИИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ХУДШИНОСИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН МЕБОШАД.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бедор кардани масъулияти меҳандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон вазифаи ҷонии ҳар як фарди дурандеш буда, тавассути амалигардонии “Соатҳои сиёсӣ” ва “Мактаби ман” роҳандози гардидааст, ки самараи нек ба бор оварда, насли закию ояндасози миллатро дар масири ҳадафҳои созандаву бунёдкор тарбият месозад.

 Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон барои огоҳи пайдо намудани  насли ҷавон, хонандагон ва наврасон аз ҳодисаҳои номатлуби давру замон ва доғи рӯз дар амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мулокон” суҳбату вохӯри гузарониданд, ки маҳаки асосии ҷамъомад бедор намудани насли ҷавон дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва арҷ гузори ба муқаддасоти миллиро фарогир буд.