ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ва Нақша чорабиниҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон имрӯзҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия баҳри татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб корҳои ободонию созандагии ҳизбиён вусъати тоза касб намуда, корҳои ободониву тозакунӣ бо маром идома доранд. Дар ин росто бо ташаббуси бевоситаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи “Хироб” бо иштироки бевоситаи Раиси ташкилоти ибтиддоии ҳизбии “Хироб” Собиров Ф. бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия  роҳи  мошингузари дохили маҳаллаи номбурда бо тариқи ҳашари дастаҷамъона тоза карда шуд. Дар ин кори басо хайру савоб ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии номбурда тасмим гирифтанд, ки ин амали неки хешро давом дода, дар амалишавии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ саҳми шоиста гузоранд.