БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁР ЯКҶО САҲМ МЕГУЗОРЕМ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 23 феврали соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон бо иштироки васеи аҳолӣ, тамоми ҳизбу ҳаракатҳо, фаъолони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва минтақавӣ “Аксияи ниҳолшинонӣ” баргузор карда шуд.

Ҳамин аст, ки бо фаро расидани фасли баҳор аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баҳри тозаву озода намудани гирду атрофи ноҳия, гулгашту хиёбонҳо ва кӯчаву маҳаллаҳо ҳашарҳои дастаҷамъона намуда, саҳми бориз дар ободии ноҳия гузошта истодаанд.

Роҳравҳои асосии обҳо, ҷуйбору (латокҳо) тозаву озода гардида, баҳри кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии гирду атрофи ҷуйборҳо тадбирҳои нек аз тарафи масъулин роҳандози гардида шудааст.