БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ"

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ , ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгору бузургон, рӯзҳои шанбеи охири ҳар моҳ дар Муассисаҳои таълимии ноҳия Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони "СОАТИ СИЁСӢ" баргузор карда мешавад.

Чунин иқдом дар МТМУ №38  ноҳия  бо иштироки роҳбари муассиса ва омӯзгорон  баргузор карда шуд.

Дар  баромадашон  оид ба мӯҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 23 декабри соли ҷорӣ ироа гардида буд гуфта гузаштанд.