ОБОДКОРИРИВУ ХУРРАМГАРДОНИРО МО АЗ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ОМӮХТАЕМ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо хурду бузурги Тоҷикистони азизамон пайравӣ аз мактаби созандагиву ободкоронаи Раиси муззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, баҳри ободиву хуррамгардонии гирду атрофи корхонаву муассисаву ташкилотҳо  саҳми назарраси хешро гузошта истодаанд.

Ҳамин гуна  иқдомҳои наҷибу созандаро мардуми сарбаланди диёри зебоманзари Балҷувон сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш намуда, каме ҳам бошад, рисолати инсонии худро дар самти зебогардониву ободкории  ҷойҳои ҷамъиятӣ гузошта, қарзи шаҳрвандии хешро иҷро намуда, пайравӣ аз мактаби созандагии Пешвои муаззами миллат месозанд.

Бо ибтикори  Баҳудурова Ҷавоҳирхон директори МТМУ 1 ба номи Сайидқул Турдиеви ноҳияи Балҷувон ҳашари гулшинонӣ сурат гирифт, ки дар ин ташаббуси ободкоронаву созанда аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дастаҷамъона иштирок намуда, барои беҳтару хубтар анҷом додани ҳашари гулшинонӣ камари ҳиммат бубастанд.